Ба гузориши Ирна, Зунг Пай Ву, сафири Чин дар Теҳрон рӯзи якшанбе тавассути Муҳаммад Алибак, дастёри вазиру мудири кулли халиҷи Форси Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби эътирози давлати Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси такрори ҳимояти давлати Чин аз иддаоҳои беасоси мундариҷ дар банди 26 баёнияи поёнии нишасти муштараки Ҷумҳурии халқии Чин ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ иблоғ ва ёддошти эътироз таслими ӯ шуд.
Муҳаммад Алибек афзуд, давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ҳар иддаое аз ҳар тарафе дар бораи ҷазоири сегонаро мардуду ғайриқобили пазириш медонад.
342/